Дар Тоҷикистон ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд


29.10.2026 дар бинои Парламенти Тоҷикистон ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ баргузор гардид. Дар он роҳбарони ниҳодҳои қонунгузори Узбекистон, Қазоқистон, Туркманистон ва Қирғизистон бо ҳайатҳои расмӣ иштирок карданд.
29.10.2026 дар бинои Парламенти Тоҷикистон ҷаласаи Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти шиори «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор шуд. Чорабинӣ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.
Барои иштирок дар форум, Танзила Нарбаева, Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Узбекистон, Айбек Дадебай, Раиси Курултайи Ҷумҳурии Қазоқистон, Дунягозел Гулманова, Раиси Маҷлиси Туркманистон, ва Медербек Алиев, муовини якуми Раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон, бо ҳайатҳои расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»