Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
29 октябр таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ҷаласа лоиҳаи буҷети давлатии соли 2027, инчунин як қатор барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои марбут баррасӣ гардиданд.
29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар оғоз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки дар асоси дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот ба ҳаҷми 80.1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15.1 миллиард сомонӣ ё 23.2 фоиз зиёд аст. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36.7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44.8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ мутобиқи дурнамо дар соли 2028 90.2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104.6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад.
Сарвари давлат ба вазорату идораҳои марбута барои амалисозии барномаҳо ва стратегияҳо, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ, бартараф намудани қарзҳои андозӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот, супоришҳо доданд. Сипас Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ барои солҳои 2027-2028 баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»