29 октябри 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумат Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумат баргузор шуда, лоиҳаи буҷети давлатӣ барои соли 2027 ва як қатор барномаҳо баррасӣ гардиданд.
29 октябри 2026 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар маҷлис лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027» ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд. Даромади буҷети давлатӣ барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот 80.1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардида, ин нишондиҳанда нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15.1 миллиард сомонӣ ё 23.2 фоиз зиёд мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ 36.7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин барномаи қарзгирии берунаи давлатӣ барои соли 2027, барномаи ислоҳоти милитсия, барномаи миллии бехатарии авиатсияи гражданӣ, барномаи омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳо ва нақшаи амал оид ба беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришаванда муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»