Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Ҷаласа 30 октябри 2026 дар Душанбе баргузор мегардад ва ба масъалаҳои ҳамкории гумрукӣ, ҳамоҳангсозии воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо бахшида мешавад.
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 октябри 2026, дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Интизор меравад, ки дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории мақомоти гумрук, ҳамоҳангсозии фаъолияти воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мубориза бо қонуншиканиҳо дар соҳаи гумрук баррасӣ гарданд.
Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа Осорхонаи миллии Тоҷикистон, маҷмааи «Истиқлол», Қалъаи Ҳисор, ангурзорҳои шаҳри Турсунзода ва мавзеъҳои зебоманзари ноҳияи Варзобро тамошо менамоянд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»