Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар шаҳри Алҷазоир мулоқоти сафири Тоҷикистон дар Алҷазоир бо директори генералии Институти дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Алҷазоир баргузор шуд. Дар ҷараёни суҳбат таҳкими ҳамкорӣ дар бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ баррасӣ гардид.
ДУШАНБЕ, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Алҷазоир мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир Акрам Каримӣ (бо қароргоҳ дар Риёз) бо директори генералии Институти дипломатия ва муносибатҳои байналмилалии Алҷазоир Фотима Ремилӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Арабистони Саудӣ хабар доданд, зимни мулоқот масъалаҳои таҳкими ҳамкории вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Алҷазоир дар бахши бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ, инчунин табодули таҷриба дар ин самт баррасӣ шуданд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»