Имрӯз дар Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мешавад


Имрӯз, 29 октябри 2026, дар шаҳри Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иштироки роҳбарони парламентҳои Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳайати парламентии Қирғизистон баргузор мегардад.
Имрӯз, 29 октябри 2026, дар шаҳри Душанбе Форуми чоруми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони «Ваҳдат ба хотири сулҳ, амният ва шукуфоии Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад. Форум таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир мегардад.
Барои иштирок дар форум роҳбарони парламентҳои Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон ва Туркманистон ва ҳайати парламентии Ҷумҳурии Қирғизистон ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Манбаъ: АМИТ «Ховар»