24 октябри 2026 дар доираи сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ваҳдат дар ду деҳа бунгоҳҳои тиббӣ расман мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ба иттилои «Ховар», дар деҳаи Чуртаки Ҷамоати деҳоти Бозорбой Бурунов ва деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд. Ифтитоҳи онҳо дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт.
Масъулини маҳаллӣ гуфтанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ дар деҳот чораҳо андешидааст. Сокинони деҳаҳо ҳам изҳори хушнудӣ намуда, таъкид карданд, ки фаъол шудани чунин иншооти наву замонавӣ ба ҳалли баъзе мушкилоти аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»