Дар ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шаҳри Душанбе бо 65 ҷой дар мақоми аввал қарор гирифт. Сугд, Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Бадахшон низ ҷойҳои навбатиро гирифтанд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-29 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҷамъбасти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» шаҳри Душанбе бо гирифтани 65 ҷой, аз ҷумла 12 ҷойи якум, 24 ҷойи дуюм ва 29 ҷойи сеюм, ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Сугд бо 32 ҷой дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 19 ҷой дар ҷойи сеюм, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 12 ҷой дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 3 ҷой дар ҷойи панҷум қарор гирифтанд. Ин натиҷаҳо имрӯз зимни маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупорӣ эълон шуданд. Маросим дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат ва раиси комиссияи озмун, иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти озмун табрик намуд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»