Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
28 октябр дар Институти омӯзиши пиряхҳо ва криосфераи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар доираи «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосфера (2025-2034)» машварати илмӣ-назариявӣ баргузор гардид.
Дар машварат масъалаҳои асосии омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, банақшагирии хатсайри экспедитсия, интихоби таҷҳизоти илмӣ, риояи қоидаҳои бехатарӣ, тартиби ҷамъоварии маълумоти саҳроӣ ва усулҳои коркарди натиҷаҳо баррасӣ шуданд. Ҳамчунин аҳамияти истифодаи асбобҳои геодезӣ, гидрометеорологӣ ва глятсиологӣ дар омӯзиши хусусиятҳои морфологӣ ва динамикии пиряхҳо шарҳ дода шуд. Таъкид гардид, ки истифодаи дурусти таҷҳизоти илмӣ ва методикаҳои стандартӣ барои ба даст овардани маълумоти саҳеҳ ва боэътимод дар бораи тағйирёбии пиряхҳо мусоидат мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»