Дар шаҳри Панҷакент бо ташаббуси соҳибкорони саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ беш аз 460 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру навсозӣ гардиданд.
ДУШАНБЕ, 2026-10-29 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, дар шаҳр беш аз 460 километр роҳҳои маҳаллӣ бо ташаббуси соҳибкорони саховатпеша ва сокинони маҳаллӣ таъмиру навсозӣ шуданд. Ин иқдом ҳамчун намунаи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар рушди инфрасохтори минтақа арзёбӣ мешавад.
Бо саҳми як соҳибкори ватандӯст аз сокинони деҳаи Миндонаи деҳоти Ёрӣ бо харҷи беш аз 2 миллион сомонӣ 2.1 километр роҳи деҳа мумфарш гардид. Дар ду канори ин роҳ ҷӯй ва зери он 12 ҷӯйи обгузар сохта шуд. Ҳоло барои мумфарш намудани боз ду километр роҳи дохили деҳа низ омодагӣ мегиранд.
Ҳамчунин сокини деҳа Баҳодур Қурбонов ва ҳамсараш 40 ҳазор сомоние, ки барои ҳаҷи умра захира карда буданд, барои ободонии роҳ тақдим карданд. Дар деҳоти Лоиқ Шералӣ низ дар маҷмӯъ 41 километр роҳҳои маҳаллӣ ва кӯчаҳо бо дастгирии соҳибкорон ва сокинон мумфарш гардиданд, инчунин 110 километр роҳи дигар таъмиру қумпӯш карда шудааст.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»