Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби расмии асъорҳои хориҷӣ ва ҳудуди фурӯши нақдии онҳоро эълон кард.
Душанбе, 29.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъорҳои хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кард: 1 доллари ИМА — 9.2174 сомонӣ; 1 евро — 10.2562 сомонӣ; 1 рубли русӣ — 0.1142 сомонӣ.
Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассисаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст: 1 доллари ИМА аз 9.1500 то 9.2174 сомонӣ; 1 евро аз 10.0500 то 10.2562 сомонӣ; 1 рубли русӣ аз 0.1040 то 0.1142 сомонӣ.
Бонки миллии Тоҷикистон огоҳ менамояд, ки анҷом додани амалиёти мубодилавӣ берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо қатъиян манъ аст ва риоя накардани ин талабот аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ҳисобида шуда, метавонад боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ гардад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»