Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Дар Остона конфронси байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Ба сӯйи рушди мутавозини иқтисодӣ» оғоз ёфт. Иштирокчиён масъалаҳои рушди устувор, суботи молиявӣ ва дурнамои дарозмуддати иқтисоди кишварҳои минтақаи Авруосиёро баррасӣ карданд.
Дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон конфронси байналмилалии иқтисодӣ таҳти унвони «Ба сӯйи рушди мутавозини иқтисодӣ» ба кори худ оғоз намуд. Чорабинӣ бо ташаббуси Фонди авруосиёии субот ва рушд баргузор шуд.
Дар конфронс намояндагони ниҳодҳои масъули таҳия ва татбиқи сиёсати иқтисодӣ, муассисаҳои байналмилалии молиявӣ ва коршиносон масъалаҳои марбут ба таъмини рушди устувори иқтисодӣ, таҳкими суботи молиявӣ ва дурнамои рушди дарозмуддати кишварҳои минтақаи Авруосиёро баррасӣ намуданд. Ярослав Мандрон, директори идоракунандаи фонд, гуфт, ки вазифаи муҳими ин ниҳод фароҳам овардани имкони вокуниши фаврӣ ва қабули қарорҳои саривақтӣ дар шароити буҳронҳои иқтисодӣ мебошад.
Барномаи конфронс масъалаҳои сиёсати макроиқтисодӣ, суботи молияи давлат, арзёбии иқтидори иқтисодӣ, равандҳои демографӣ, тағйироти сохтории бозори меҳнат ва муҳоҷират, инчунин таъсиси ҷойҳои кории дорои ҳосилнокии баланд ва рушди сармояи инсонӣ фаро гирифт. Дар доираи чорабинӣ пешниҳоди гузориши асосии фонд таҳти унвони «Рушди иқтисодӣ, демография ва бозори меҳнат: воқеиятҳо ва чолишҳо» пешбинӣ шудааст.
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»