Барагузории ҷаласаи «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» дар ҳошияи Форуми чоруми байнипарлумонӣ


Дар шаҳри Душанбе дар доираи Форуми чоруми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷаласаи дуюм баргузор шуд.
Дар шаҳри Душанбе дар доираи баргузории Форуми чоруми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ ҷаласаи дуюм таҳти унвони «Ҳамгироии иқтисодӣ, рушди устувор ва тавсеаи шарикии минтақавӣ» баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои густариши ҳамкории иқтисодии кишварҳои минтақа, рушди савдои мутақобила, ҷалби сармоягузорӣ, таҳкими робитаҳои нақлиётиву логистикӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика баррасӣ шуданд. Ҳамчунин ба дастгирии соҳибкории хурду миёна, тақвияти ҳамкории саноатӣ, рақамикунонии робитаҳои иқтисодӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи захираҳо таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Қобилҷон Хушвахтзода гуфт, ки ҳамкории иқтисодӣ барои рушди устувори Осиёи Марказӣ заминаи муҳим мебошад. Дар ҷамъбаст таъкид шуд, ки табодули таҷриба миёни кумитаҳои соҳавии парламентҳо, такмили қонунгузорӣ ва дастгирии ташаббусҳои муштарак бояд идома ёбад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»