«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026» дар Сисакети Таиланд иштирок мекунад ва дар нимниҳоӣ бо Умон бозӣ мекунад.
Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр дар 52-юмин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2026», ки дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад, иштирок мекунад.
Дар марҳилаи нимниҳоӣ Тоҷикистон бо тими миллии Умон рақобат мекунад. Умон дар раддабандии амалкунандаи ФИФА мақоми 81-умро ишғол менамояд. Дар бозии дигари даври нимниҳоӣ дастаҳои мунтахаби Таиланд ва Бруней бо ҳам вомехӯранд. Вохӯриҳои нимниҳоӣ 14 ноябр дар варзишгоҳи музофотии Сисакет баргузор мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»