Дар Боку дастаи наврасони Тоҷикистон дар марҳилаи дуюми мусобиқа бар Бермуд ва Филиппин ғолиб шуд ва имрӯз бо Литва бозӣ мекунад.
Душанбе, 2026-10-29 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон Чемпионати ҷаҳон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои мунтахаби наврасони то 15-сола ва фестивали ФИФА идома дорад. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар натиҷаи марҳилаи аввали мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон (U-15) таҳти роҳбарии сармураббӣ Нуъмонҷон Юсупов 7 имтиёз ба даст оварда, дар гурӯҳи «E» ҷойи чорумро ишғол кард. Дар марҳилаи дуюм мунтахаби Тоҷикистон иштирокро дар дивизиони Tier D идома дод. Дар бозии даври 1/16-ниҳоӣ футболбозони тоҷик бар мунтахаби Ҷазираҳои Бермуд бо ҳисоби 7:1 ғалаба карданд. Баъдан даста дар даври 1/8-ниҳоӣ бо тими Филиппин бозӣ карда, бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Имрӯз 29 октябр тими наврасони Тоҷикистон (U-15) дар марҳилаи чорякниҳоии дивизиони Tier D бо дастаи Литва бозӣ мекунад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»