Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон пас аз иштирок дар Бозиҳои V параосиёӣ ба Ватан баргаштанд


28 октябр дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе варзишгарони паралимпии Тоҷикистонро, ки дар Бозиҳои V параосиёӣ дар Ҷопон иштирок карданд, намояндагони соҳаи варзиш, наздикон ва ҳаводорон истиқбол гирифтанд.
Дар Бозиҳои V параосиёӣ, ки аз 18 то 24 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи Ҷопон баргузор шуданд, Тоҷикистонро 10 варзишгар, аз ҷумла 9 мард ва 1 зан, дар 6 намуди варзиш намояндагӣ карданд.
Шоҳрух Назаров дар параҷудо дар вазни то 81 килограмм ва синфи J1 медали нуқра гирифт. Ӯ дар роҳ ба финал намояндагони Чин ва Қазоқистонро мағлуб кард ва дар қувваозмоии ниҳоӣ аз варзишгари Ӯзбекистон шикаст хӯрд.
Ин медали нуқраи Шоҳрух Назаров барои ҳайати Тоҷикистон дастоварди таърихӣ ва нахустин медали кишвар дар таърихи иштироки он дар Бозиҳои параосиёии тобистона арзёбӣ мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»