Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нимфинали «King’s Cup 2026» бо Умон бозӣ мекунад


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр дар мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup» дар шаҳри Сисакети Таиланд ширкат мекунад ва дар нимфинал бо тими Умон рӯ ба рӯ мешавад.
Душанбе, 2026-10-26 / «Ховар» / Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рӯзҳои ФИФА-и моҳи ноябр дар 52-умин мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup», ки дар шаҳри Сисакети Таиланд баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.
Дар нимфинали мусобиқа Тоҷикистон бо тими Умон, ки дар раддабандии кунунии ФИФА мақоми 81-умро дорад, бозӣ мекунад. Дар бозии дигари нимфинал дастаҳои Таиланд ва Бруней ба ҳам меоянд.
Бозиҳои нимфиналӣ 2026-11-14 дар варзишгоҳи вилоятии Сисакет баргузор мешаванд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»