Нусхаҳои форсӣ, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ҳамзамон дастрасанд.
Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров дар Бозиҳои V параосиёӣ медали нуқра гирифт. Ин аввалин медали ҳайати Тоҷикистон дар таърихи иштироки кишвар дар Бозиҳои параосиёии тобистона мебошад.
Душанбе, 2026-10-21 /АМИТ «Ховар»/ — Варзишгари тоҷик Шоҳрух Назаров дар Бозиҳои V параосиёӣ соҳиби медали нуқра гардид.
Ӯ 20 октябр дар намуди парадзюдо, дар вазни то 81 кг ва синфи J1, ки барои варзишгарони нобино пешбинӣ шудааст, ҳунарнамоӣ карда, ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.
Ёдовар мешавем, ки Бозиҳои V Параосиёӣ аз 18 то 24 октябр дар префектураи Айти ва шаҳри Нагояи Ҷопон баргузор мешаванд. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа 10 варзишгар — 9 мард ва 1 зан — дар 6 намуд варзиш иштирок менамоянд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»
Манбаъ: АМИТ «Ховар»
Манбаъ: Канали расмии АМИТ «Ховар»